Азонихудкунии маблағ
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кирдори Давлатов С., соли таваллудаш 2004 ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкориро ошкор намуданд.
Гумонбар аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи июли соли 2026 ҳамчун фурӯшандаи дору дар дорухонаи ҶДММ «Мадад» фаъолият намуда, маблағи аз фурӯши маҳсулоти доруворӣ бадастомадаро, ки 43 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад, аз они худ карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.


















