Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ
Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе ду ҳолати дуздиро ошкор намуда, гумонбаронро дастгир карданд.
21 июли соли 2026 сокини ноҳияи Муъминобод Холов Ш.С., соли таваллудаш 1981, бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт гардид. Номбурда 20 июли соли 2026, тахминан соати 16:00, ҳангоми дар кӯчаи Н. Қарабоев қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи таъмири пойафзол як адад ҷузвдонро, ки ба сокини ноҳияи Фархор Мирзоев М.И., соли таваллудаш 1970, тааллуқ дошта, дар дохили он 4 ҳазор сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Realme» мавҷуд буд, дуздидааст. Зарари умумии расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, 21 июли соли 2026 ба Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи шаҳрванд С. Д., соли таваллудаш 2001, ворид гардид, ки моҳи июни соли 2026 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш ворид шуда, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) 10 ҳазор доллари ИМА ва 14 ҳазор сомониро рабудааст.
Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ин ҷиноят апаи ҷабрдида, шаҳрванд С.Р., соли таваллудаш 1989, дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҳар ду ҳолат тафтишот идома дорад.

















