Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варақаи матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии Вазорати корҳои дохилӣ  дар 6 моҳи соли 2026

Дар 6 моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ 11731 (2025-13089) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки кушодашавии он 71 фоизро ташкил медиҳад. 
Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 41 (2025-28), роҳзанӣ – 18 (2025-20), ғоратгарӣ – 46 (2025-57), таҷовуз ба номус – 13 (2025-24), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 53 (2025-64), авбошӣ – 743 (2025-762), одамрабоӣ 5 (2025-5), ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 17 (2025-16), тамаъҷӯӣ 23 (2025-33), муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор 502 (2025-486), қаллобӣ – 2002 (2025-2356), дуздӣ – 1814 (2025-2182) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд. 
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 292 (2025-348) адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст. 
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 963 кг (2025 - 3 тоннаву 107 кг) воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст.
Аз тарафи ноболиғон 405 ҳолати ҷиноят (2025-342) ва аз тарафи ҷавонон бошад 1 ҳазору 659 (2025-1574) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7842 (2025-6856) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 606 (2025-548) ҳолат ба қайд гирифта шудаааст.
Бар асари  531  садамаи нақлиётӣ  287  нафар ба ҳалокат расида, 508 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд. 
Дар ҷумҳурӣ 513 (2025-564)  ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа  16 (2025-14)  нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 6 (2025-6) нафарашон ноболиғ мебошанд. Маблағи зарар 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
Барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути рақами телефони 985-92-02-02 ба сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Маҳмадзода Нусратулло муроҷиат намоед. 

21.07.2026 8:25
77