Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милитсия як ҳолати қаллобӣ ошкор карда шуд.
Сокини ноҳияи Сино Бодуров Ш.Ҷ., дар он хусус муроҷиат намуд, ки моҳи январи соли 2026 Халифазода Н.М., соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, аз бонки «Эмин Сармоя» ба номи ҷабрдида 40 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст.
Гумонбар ваъда додааст, ки маблағи қарзро шахсан ба бонк пардохт мекунад, аммо баъди дастрас намудани маблағ онро пурра ба манфиати худ сарф намуда, аз иҷрои уҳдадориҳои худ ва пардохти қарз саркашӣ кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

20.07.2026 8:46
44