Дуздии чорво ошкор гардид
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Восеъ ду ҳолати дуздии чорво аз ҷониби як нафар пешсудшуда ошкор карда шуд.
Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ сокини ноҳияи мазкур Ҳамроев С., муроҷиат намуд, ки 15 июли соли 2026, тахминан соати 13:30, шахсони номаълум аз заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ. Раҷабов 7 сар чорвои майдаи шохдорро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Зафари Азиз, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Даҳана, ки қаблан чор маротиба суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин муайян гардид, ки номбурда 17 июли соли 2026 бо ҳамин роҳ 2 сар чорвои майдаи шохдори Абдураҳимов Ш.Р., соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ. Раҷабовро низ дуздидааст. Зарари расонидашуда ба Абдураҳимов Ш.Р., 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин ҳолатҳо тафтишот ба роҳ монда шудааст.
















