Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Рашт
19 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ноҳияи Рашт бо фаъолон, соҳибкорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар оғози вохӯрӣ Вазир ҳозиринро ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ суханронӣ кард.
Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва раисдан ба Ваҳдати миллӣ, ки бевосита бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, барои мардуми Тоҷикистон аз ҷумлаи арзишмандтарин ва сарнавиштсозтарин рӯйдодҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Изҳор гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат кишвари азизи мо аз гирдоби мухолифату низоъҳо раҳо гардида, ба сӯи сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бунёдкорию созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ, аз рушди инфрасохтор, корҳои ободонӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, инчунин масъалаҳои вобаста ба иштироки шаҳрвандон дар пешрафти ҷомеа ва дигар дастовардҳои даврони Истиқлол андешаронӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, инчунин қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бевосита бо пешниҳоди Пешвои миллат қабул гардид, барои барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра равона гардидааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо оид ба масъалаҳои рушди ноҳия, соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ суханронӣ намуда, ба Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати баргузор намудани чунин вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ баён намуд.


















