Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои Шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт
18 июли соли 2026, дар идомаи сафари корӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои Шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт боздид ба амал овард.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳо ва муҳлати анҷоми иншоот шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати риояи талаботи меъёрҳои сохтмон, баланд бардоштани сифати корҳо ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода супоридани бино дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири хизматӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ба ҳисоб рафта, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти хизматӣ ва иҷрои босифати вазифаву уҳдадориҳо мусоидат менамояд.

















