Сафари кории Вазири корҳои дохилӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт
18 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафари корӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт ташриф овард.
Дар оғози сафар Вазири корҳои дохилӣ аз фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар минтақа ва ноҳияи Рашт дидан намуда, бо шароити хизмат, омодагии касбӣ ва имкониятҳои мавҷудаи ҳайати шахсӣ шинос гардид.
Зимни мулоқот бо ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсия генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони ин ниҳодро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саҳми онҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи амнияти шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсӣ ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, риояи интизоми хизматӣ ва фаъолияти самаранок баҳри таъмини тартибот ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
















