Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати Пешвои миллат оид ба роҳсозиву роҳкушоӣ – заминаи рушди устувори Тоҷикистон

Дар таърихи давлатдорӣ ва тамаддуни башар роҳ ҳамеша рамзи пешрафт, тамаддун ва пайванди мардумону кишварҳо маҳсуб меёфт. Аз ин лиҳоз васеъ гардидани имкониятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аз рушди шабакаҳои нақлиётӣ вобастагии зиёд дорад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ нишон медиҳад, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ бидуни мавҷудияти инфрасохтори муосири нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ғайриимкон мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки дар сиёсати давлатӣ масъалаи роҳсозӣ на танҳо ҳамчун сохтмони роҳҳо, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, ваҳдати миллӣ, рушди соҳибкорӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ мегардад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 93 фоизи қаламравашро кӯҳистон ташкил медиҳад, масъалаи роҳсозӣ аҳаммияти махсус дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, вайроншавии зерсохторҳои иқтисодӣ, маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ ва вобастагӣ аз роҳҳои транзитии давлатҳои ҳамсоя рушди соҳаи нақлиётро ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил дода буд. Бисёре аз минтақаҳои мамлакат, бахусус дар фасли зимистон, аз маркази ҷумҳурӣ ҷудо мемонданд ва рафтуомади шаҳрвандон бо мушкилоти зиёд сурат мегирифт. Дар чунин шароит ташаккули сиёсати муосири роҳсозӣ на танҳо як масъалаи иқтисодӣ, балки вазифаи стратегии давлат ба ҳисоб мерафт.
Бо талош ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали барқарор гардидани сулҳу субот масъалаи раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардид. Ин иқдом дар қатори таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки роҳҳо на танҳо воситаи рафтуомад, балки омили муттаҳидсозандаи миллат, воситаи рушди иқтисодиёт ва кафолати таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Маҳз бо чунин ҷаҳонбинӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди инфрасохтори нақлиётӣ оғоз гардид, ки имрӯз натиҷаҳои он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи минтақа низ эътироф гардидааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ сохта ва таҷдид гардида, 240 пул ва зиёда аз 31,5 километр нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон дод, ки минтақаҳои гуногуни мамлакат бо ҳам пайваст гардида, ҳаракати нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол таъмин ва Тоҷикистон тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардад.
Инчунин, яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати давлатии роҳсозӣ бунёди нақбҳои замонавӣ мебошад, ки дар таърихи навини Тоҷикистон саҳифаи тоза боз намуданд. Нақби «Истиқлол», ки шимоли мамлакатро бо марказ мепайвандад, аҳаммияти бузурги стратегӣ дошта, мушкилоти чандинсолаи ҳаракати нақлиётро дар ағбаи Анзоб бартараф намуд. Ба ҳамин монанд, нақбҳои «Шаҳристон», «Чормағзак» ва «Хатлон» имконият доданд, ки ҳаракати нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, амнияти ҳаракат ва суръати интиқоли борҳо ба таври назаррас беҳтар гардад.
Ҳамзамон, дар доираи татбиқи сиёсати роҳсозӣ роҳҳои байналмилалии Душанбе - Чанак, Душанбе - Кӯлоб - Қалъаи Хумб Хоруғ - Қулма, Душанбе - Бохтар, Ваҳдат - Рашт - Лахш ва даҳҳо шоҳроҳҳои дигар таҷдид ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ гардонида шуданд. Ин роҳҳо имрӯз на танҳо аҳаммияти дохилӣ, балки нақши муҳими транзитӣ дошта, Тоҷикистонро ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ мепайванданд.
Боиси таъкид аст, ки сиёсати роҳсозии Пешвои миллат танҳо ба сохтмони роҳҳо маҳдуд намешавад. Ҳадафи асосӣ ташкили инфрасохтори муосири нақлиётӣ мебошад, ки ҳамаи унсурҳои низоми логистикӣ, пулҳо, нақбҳо, терминалҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва шабакаҳои байналмилалии ҳамлу нақлро дар бар мегирад. Маҳз чунин муносибати комплексӣ имкон дод, ки Тоҷикистон тадриҷан аз кишвари дорои мушкилоти коммуникатсионӣ ба давлати дорои имкониятҳои васеи транзитӣ табдил ёбад.
Дар татбиқи ин сиёсати созанда ҳамкориҳои байналмилалӣ низ нақши муассир доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ба Инфрасохтор, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар шарикони рушд даҳҳо лоиҳаҳои бузурги роҳсозиро амалӣ намудааст. Ин ҳамкорӣ на танҳо барои ҷалби сармоя, балки барои ворид намудани технологияҳои нав, таҷрибаи пешқадами муҳандисӣ ва меъёрҳои байналмилалии сохтмон мусоидат кардааст.
Рушди роҳсозӣ ба пешрафти иқтисоди миллӣ низ такони ҷиддӣ бахшид. Бо беҳтар гардидани шабакаҳои нақлиётӣ арзиши ҳамлу нақли молу маҳсулот коҳиш ёфта, имкониятҳои рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна, васеъ гардиданд. Кишоварзон ба бозорҳои нави фурӯш роҳ ёфтанд, корхонаҳои истеҳсолӣ имкони интиқоли босуръати маҳсулоти худро пайдо карданд ва сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии байни минтақаҳои мамлакат ба маротиб афзоиш ёфт.
Ҳамзамон бунёди роҳҳои муосир ба рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ низ таъсири мусбат расонид. Тоҷикистон, ки дорои табиати нотакрор, мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои васеи сайёҳии кӯҳию экологӣ мебошад, солҳои охир таваҷҷуҳи ҳарчи бештари сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуда истодааст. Дастрас гардидани мавзеъҳои сайёҳӣ, беҳтар шудани сифати роҳҳо ва бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ боис гардида истодааст, ки минтақаҳои дурдаст низ ба масирҳои сайёҳии байналмилалӣ ворид шаванд. Роҳи байналмилалии Душанбе–- Кӯлоб - Қалъаи Хумб -Хоруғ - Мурғоб гузаргоҳи Қулма имрӯз на танҳо ҳамчун шоҳроҳи муҳими нақлиётӣ, балки ҳамчун яке аз масирҳои ҷолиби сайёҳии Осиёи Марказӣ эътироф гардидааст.
Натиҷаҳои сиёсати роҳсозӣ дар рушди минтақаҳои мамлакат низ равшан эҳсос мешаванд. Дар гузашта сокинони бисёр деҳоту ноҳияҳои кӯҳистон барои дастрасӣ ба марказҳои маъмурӣ, муассисаҳои тандурустӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бозорҳои фурӯши маҳсулот бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буданд. Имрӯз бошад, бо бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард имконияти истифодаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба муассисаҳои давлатӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба таври назаррас беҳтар гардидааст. Дар баробари ин, суръати интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, талафоти маҳсулоти зудвайроншаванда кам гардида, имкониятҳои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар минтақаҳо васеъ шудаанд.
Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи роҳсозӣ рушди минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва сохтмони пулҳои нави байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя барои густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз роҳҳо на танҳо воситаи интиқоли молу мусофирон, балки василаи таҳкими ҳамсоягии нек, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди тиҷорати байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мавқеи геостратегӣ кӯшиш менамояд, ки ба яке аз ҳалқаҳои муҳими шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ табдил ёбад. Маҳз бо ҳамин мақсад мамлакат дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ташаббусҳои муҳимро дар самти рушди долонҳои нақлиётӣ пешниҳод мекунад.
Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 1,2 миллиард доллари ИМА амалӣ гардида истодааст. Дар доираи Барномаи рушди соҳаи нақлиёт барои солҳои 2022–2026 бунёди зиёда аз 1000 километр роҳҳои автомобилгард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зиддитармавӣ пешбинӣ шудааст, ки қисми зиёди онҳо дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошанд. Ин лоиҳаҳо барои афзоиши иқтидори транзитии мамлакат, зиёд намудани гардиши молу маҳсулот ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ аҳаммияти бузург доранд.
Дар ин замина, сиёсати Пешвои миллат оид ба роҳсозиву роҳкушоӣ бо татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳдуд нашуда, имрӯз ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётӣ ба рушди дигар бахшҳои иқтисодиёт низ таъсири мусбат мерасонад. Сохтмони роҳҳо боиси афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, савдо, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ гардида, ҳазорҳо ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ на танҳо ширкатҳои сохтмонӣ, балки корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, муассисаҳои лоиҳакашӣ, ширкатҳои нақлиётӣ ва дигар субъектҳои соҳибкорӣ низ фаъол мегарданд. Аз ин рӯ, роҳсозиро метавон ҳамчун яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар байни давлатҳои минтақа мавқеи шоиста касб намудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бунёд ва таҷдид гардида, даҳҳо нақбу пулҳои замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин дастовардҳо маҳсули сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошанд, ки роҳсозиро ҳамчун омили муҳими рушди давлат ва беҳбудии зиндагии мардум арзёбӣ намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мебошад. Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат изҳор доштаанд: «Роҳҳои замонавӣ барои рушди иқтисодиёт, тавсеаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд.» Ин андеша моҳияти сиёсати давлатро дар соҳаи роҳсозӣ хеле равшан ифода менамояд.
Имрӯз ҳар як роҳи нав, ҳар як пул ва ҳар як нақби сохташуда на танҳо иншооти муҳандисӣ, балки рамзи ободонӣ, пешрафт ва эътимод ба фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад. Онҳо шаҳодати онанд, ки сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ба манфиати тамоми мардуми кишвар нигаронида шуда, барои наслҳои имрӯзаву оянда заминаи устувори рушдро фароҳам месозад.
Дар ҷаҳони муосир рақобати давлатҳо дигар танҳо аз рӯи захираҳои табиӣ ё иқтидори ҳарбӣ муайян карда намешавад. Имрӯз кишварҳое муваффақанд, ки дорои инфрасохтори пешрафта, шабакаҳои муосири нақлиётӣ ва имкониятҳои васеи ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ мебошанд. Тоҷикистон низ маҳз тавассути сиёсати созандаи роҳсозӣ тадриҷан ҷойгоҳи худро ҳамчун кишвари боэътимоди транзитӣ ва пайвандгари минтақаҳо таҳким мебахшад. Ин раванд на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад, балки обрӯ ва нуфузи байналмилалии кишварро низ тақвият медиҳад.
Аз ин рӯ, бо итминон комил метавонем гуфт, ки сиёсати Пешвои муаззами миллат оид ба роҳсозиву роҳкушоӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ин сиёсати хирадмадона Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуда, барои рушди иқтисодиёт, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ривоҷи ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Роҳҳои бунёдшуда имрӯз на танҳо шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ба ҳам мепайванданд, балки қалбҳои мардумро низ ба ҳам наздик намуда, рамзи сулҳ, ваҳдат, созандагӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Алихон Рустам

17.07.2026 13:58
33