Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корхои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонии қисми низомии 3506

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои қисми низомии 3506 Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ дидан намуда, ба масъулини соҳа ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои бунёдӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматии қисми низомӣ, аз ҷумла ошхона, хобгоҳи сарбозон, ҳаммом, сатҳи шароити маишию хизматӣ ва дигар иншооти ёрирасон дидан кард.
Зимни суҳбат бо сарбозону афсарон Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томи ВКД беҳтар гардида истодааст. Раҳимзода Рамазон Ҳамро сарбозону афсаронро ба риояи интизоми ҳарбӣ, такмили пайвастаи дониш ва малакаи касбӣ, инчунин иштирок дар машқу тамринҳои мунтазам ҳидоят намуд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматӣ ва маишии сарбозону афсарон ба масъулини дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

11.07.2026 13:29
79