Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо курсантҳои Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз бо курсантҳои Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир мебошад, вохӯрии судманд баргузор намуд.
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ курсантонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорат ба ҳисоб рафта, курсантон таҳти таваҷҷуҳу ғамхории доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Барои таҳсил, зиндагӣ ва омодагии касбии онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро курсантонро ба омӯзиши амиқи фанҳои тахассусӣ, азхуд намудани донишҳои муосир ва китобхонӣ ҳидоят намуд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд пеш аз ҳама соҳиби донишу малакаи баланд, фарҳанги муошират ва одоби намунавӣ бошад. Курсантон бояд дар оянда ҳамчун ҳимоятгарони қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ бо мардум муносибати дуруст ва масъулиятшиносона дошта бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ аз шароити таҳсилу буду боши курсантон дидан намуда, бо онҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом дод. Дар рафти суҳбат курсантон вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ фикру андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

11.07.2026 12:36
79