Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави РВКД дар минтақаи Кӯлоб дидан кард
11 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб боздид ба амал овард.
Бинои нави маъмурии РВКД дар минтақаи Кӯлоб аз 9 ошёна иборат буда, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллит, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти талаботи муосир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бунёд шуда истодааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар иншоот бо маром идома дошта, тибқи нақша дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.


















