Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйир додани иттилооти компютерӣ

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Эшмуродов А.Ф., соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони тағйир додани иттилооти компютерӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда ба ҳайси муҳосиби шуъбаи фурӯши шабакаҳои барқии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият намуда, дар давраи корӣ тавассути барномаи биллинг, ки дар системаи компютерӣ нигоҳдорӣ мешавад, ба суратҳисобҳои як қатор муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхонаи марказӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маълумоти бардурӯғ ворид кардааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ бо роҳи изофанависӣ 1 миллиону 234 ҳазору 846 киловатт-соат неруи барқро ба маблағи 384 ҳазору 300 сомонӣ ғайриқонунӣ ба суратҳисобҳои мазкур ворид намуда, ин маълумотро ба филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Бохтар пешниҳод кардааст. Дар натиҷа ба ташкилоту муассисаҳои зикршуда ва филиали ҷамъият зарари ҷиддӣ расонида шудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар нишон додани фаъолияти корӣ ва пинҳон намудани талафоти аз меъёр зиёди техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, гумонбар дар санадҳои муоинаи техникӣ ва ҳисоббаробаркунӣ маълумоти бардурӯғ ворид намуда, 1 миллиону 421 ҳазору 874 киловатт-соат неруи барқ ба маблағи 433 ҳазору 480 сомониро ба номи корхонаҳо ва муассисаҳои буҷетии ноҳия тартиб дода, барои ворид намудан ба барномаи биллинг пешниҳод кардааст.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.

11.07.2026 10:10
63