Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил
Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абдураҳимов Қ.Ҷ., соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Сино, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил боздошт карда шуд.
Номбурда санаи 9 июли соли 2026, тахминан соати 17:30, автомашинаи тамғаи «Опел Зафира» рақами қайди давлатии 22-77 NN/01-ро, ки ба шаҳрванд Иброҳимзода Н.И., соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Шоҳмансур тааллуқ дорад, аз назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов, бидуни иҷозати соҳибмулк ва бе ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.

















