Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамаъҷӯӣ бо таҳдиди зӯроварӣ 

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза шаҳрванд Зуҳуров П.М., соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати шаҳраки Н. Розиқи шаҳри мазкур муроҷиат намуд, ки 9 июни соли 2026, тахминан соати 18:00, шаҳрванд Ғафуров Р.М., соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ваҳдат, ӯро дар кӯчаи Яккатоли ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ бо роҳи зӯроварӣ ба автомашина савор карда, ба истироҳатгоҳи «Академик», воқеъ дар минтақаи Ромит бурдааст ва гумонбар бо таҳдиди куштор аз ҷабрдида бо роҳи тамаъҷӯӣ 5 ҳазор сомонӣ талаб намуда, аз ӯ 3 ҳазору 300 сомонӣ гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

11.07.2026 10:01
43