Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Хоҷаев Қ. А., соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷомии пойтахтро бо гумони содир кардани ҷинояти қаллобӣ боздошт намуданд.
Номбурда моҳи марти соли 2026 ба боварии шаҳрванд Давлатов Д.Н., соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ даромада, худро соҳибкор муаррифӣ намуда, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “ВМВ”-ро ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ ва 175 ҳазор сомонӣ пули нақд гирифта, ваъда додааст, ки манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба Давлатов Д.Н., 345 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Инчунин, Хоҷаев Қ.А., бо ҳамин роҳ ба боварии шаҳрванд Давлатзода У.Ш.,  сокини пойтахт даромада, моҳи феврали соли 2026 аз ӯ  2 адад  автомашинаи тамғаи  “Range Rover” ва “Тайёта Прадо”-ро ба маблағи 620 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 260 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда маблағи 360 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст. 
Вобаста ба кирдорҳои Хоҷаев Қ.А., парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

10.07.2026 10:44
35