Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ

Шаҳрванд Шарипов Н.А., истиқоматкунандаи кӯчаи Н.Муҳаммади пойтахт ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза муроҷиат кард, ки 2-юми июли соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, шахсони номаълум бо  роҳи пинҳонӣ  аз  дохили мағозаи фурӯши либосааш, 3-адад пойафзоли мардона, ки арзишашон 4 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ Аюбзода С.Ш., соли таваллудаш 2000 сокини ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд. 
Инчунин, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун  Буриев Ҷ.Ф., соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандаи ноҳияи мазкурро бо гумонбарӣ дар ҷиноятӣ дуздӣ дастгир намуданд. Номбурда бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ошхонаи шаҳрванд Азимов Қ.Д., воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Дустии ноҳияи Ҷайҳун 3 ҳазор сомониро дуздидааст. 
Буриев Ҷ.Ф., қаблан низ барои содир кардани ҷинояти дуздӣ суд шудааст.
Оид ба ҳолатҳои зикршуда тафтишот идома дорад

10.07.2026 10:40
42