Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Шаҳрванд Сафаров Ҷ.Ҳ., соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён ба ШВКД дар ноҳияи мазкур муроҷиат намуд, ки санаи 25-уми июни соли 2026, тахминан соати 02:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо дучархаи барқиашро дуздида, ба ӯ 5 ҳазору 700-сомонӣ зарар расониданд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Давлатов Д.К., соли таваллудаш 1986 ноҳияи Қубодиён содир намудааст.
Ҳолати мазкур мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

















