Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

6-уми июли соли 2026 тахминан соати 19:45-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами транзитиаш М15-04Т03, Аҳрорзода Оқилҷон Одил соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди  «Айнӣ-Панҷакент» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  пиёдагарди ноболиғ Зуҳуров Ғолиб Ҷурабекович соли таваллудаш 2012 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагари ноболиғ аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштааш, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст. 
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.

08.07.2026 11:37
41