Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кирдори шаҳрванд Абдуллоев У.Ш., соли таваллудаш 1987 сокини ноҳияи Вахш, ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро ошкор намуданд.
Номбурда моҳи феврали  соли 2026 ба боварии шаҳрандон Усмонов Ш.М., Назриев Н.М., истиқоматкунандагони ноҳияи Ёвон, Талбаков Р.Н. ва Эмомзода А.Ҳ., сокинони ноҳияи Данғара даромада аз номбурдагон аз 7 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки онҳоро ба давлати Гурҷистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон мекунад, аммо Абдуллоев У.Ш., ягон амалро иҷро накарда, маблағҳои бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

08.07.2026 11:36
28