Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Муминов У.М., соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросонро барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Номбурда санаи 15-уми июни соли 2026 тахминан соати 03:20-дақиқа, дар кӯчаи Н.Ганҷавии ноҳияи Сино бо роҳи пинҳонӣ аз назди нонвойхонаи  Исмонов М.С., як адад дучархаи барқиро, ки арзишаш 4.100-сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ шаҳрвандон Сулаймонов М.И. ва Менглиев Н.П., сокинони ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуданд, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиашон мототсикли тамғаи “Карола Ферари” аризишаш 7 ҳазор сомонӣ ва “Супер Алмаз” арзишаш 10 ҳазору 500-сомониро рабудаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Панҷ муайян карда шуд, ки ду нафар ноболиғ дар содир кардани ин ҷиноятҳо даст доранд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

08.07.2026 11:28
22