Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

эълон

Бо мақсади таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои тахассусӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Академия, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия” бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шудааст
Дар баробар ин ВКД бо муассисаҳои таълимии олии ҳуқуқии ВКД Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар асоси Созишнома оид ба омода намудани мутахассисон барои мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис омода менамоянд, робитаҳои зич ба роҳ монда шуда, ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил фиристода мешаванд. 
Дар заминаи муассисаҳои таълимии ҳуқуқии ВКД Федератсияи Россия мутахассисон асосан дар самтҳои зерин омода карда мешаванд, ки барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бениҳоят заруранд.
Аз ҷумла:
- экспертизаи судӣ;
- руҳшиноси фаъолияти хизматӣ;
- бехатарии компютерӣ;
- бехатарии иттилоотӣ дар соҳаи телекоммуникатсия;
- технологияи информкоммуникатсионӣ ва системаи алоқаи махсус;
- бехатарии технологияи информатсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ;
- бехатарии иқтисодӣ;
- фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (фаъолияти маъмурии МКД);
- таъминоти ҳуқуқӣ ва бехатарии миллӣ.
Вобаста ба қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар тамоми чораҳо андешида шуда, ҳамасола аз ҷониби Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ тақсимот тибқи квотаҳои ҷудогардида оид ба ҷалб намудани хоҳишмандон барои таҳсил ба Академияи Вазорат ва муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар мактуб равон карда мешавад. 
Мутобиқи тақсимот кормандони дастгоҳҳои кадрии ҷузъу томҳои вазорат дар маҳалҳо корҳои тарғиботӣ бурда, парвандаҳои довталабонро барои иштирок дар озмунҳои қабул ва омода менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки даъвати довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дар тамоми манотиқи кишвар як хел ба роҳ монда шуда, қабули озмуну имтиҳонҳо дар як вақт бо даъвати мутахассисони ботаҷриба ва қабули санҷиши тестӣ дар Маркази тестии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат дар ҳузури комиссия гузаронида мешаванд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар самти омода намудани мутахассисони ботаҷриба инчунин бо Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Ҷумҳурии Туркия низ ҳамкорӣ менамояд.
Оғоз аз соли 2024 қабули довталабон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.  
Ҳамасола аз ҷониби кормандони дастгоҳҳои кадрии минтақаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ парвандаҳои таълимӣ омода карда шуда, ба Вазорати корҳои дохилӣ ирсол карда мешаванд. Баъд аз ба пуррагӣ ворид гардидани парвандаҳои таълимӣ довталабон аз машварати донистани забони русӣ гузаронида шуда, баъдан  тариқи қабули имтиҳонҳои зерин интихоб карда мешаванд;
- супоридани имтиҳон аз тайёрии ҷисмонӣ;
- супоридани диктант аз фанни забони русӣ;
- санҷиши тестӣ (донистани забони русӣ);
- машварат.
Дар баробари ин, довталабон аз ҳисоби наврасону ҷавонони болаёқат, дониши хуб дошта ва ҷисман обутобёфта интихоб гардида, баъд аз гузаштани Комиссияи махсуси вазъи саломатӣ, ки дар Раёсати тиббии вазорат амал менамояд гузашта, баъдан барои иштирок дар имтиҳонҳо роҳхат мегиранд.
Баъд аз гузаштани тамоми санҷишу имтиҳонҳо, ки аз ҷониби комиссияи босалоҳияти Вазорати корҳои дохилӣ таҳти раисии яке аз муовинони Вазири корҳои дохилӣ таъсис дода мешавад, давоми 21-рӯз дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшудагон аз курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ гузашта, бо онҳо аз ҷониби роҳбарони раёсатҳо омӯзиши самтҳои хизматӣ, аз ҷониби муаллимони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ омӯзиши фармонҳои амалкунандаи вазорат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбатҳо дар атрофи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ (омӯзиши забони русӣ, қисмҳои таркибии нигаҳдории сиррӣ давлатӣ, тарзи дурусти рафтору кирдор, таърихи халқҳои тоҷик ва рус, омодагии ҷисмонӣ, тарзи дуруст пӯшидани сару либоси низомӣ ва ғайра), дарсҳои таълимӣ гузаронида шуда, баъдан бо сару либоси низомӣ ва шаҳодатномаи корманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, баъд аз суҳбат бо рӯҳшиносон (психолог) тибқи фармонҳо вобаста ба макотиби олӣ аз ҷониби намояндаи Вазорат дар якҷоягӣ бо падару модарон ба муассисаҳои таълимӣ гусел карда мешаванд.
Донишҷӯёни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ ва варзишии муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён низ мегарданд, ки ин боиси ифтихори роҳбарияти вазорат ва падару модари онҳо мегардад.
Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар давраи таҳсил дар муассисаҳои хориҷӣ кишвар роҳбарияти вазорат ва Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ барои баланд бардоштани руҳияи донишҷӯён инчунин бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ҳамчун чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба рутбаҳои авалин ва навбатии ҳайати хурди роҳбарикунанда пешниҳод менамоянд.
Довталабоне, ки аз чунин имкониятҳои фароҳамовардашуда мехоҳанд истофода намоянд, то санаи 20-уми июл ба шуъбаҳои ВКД дар маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд. 

06.07.2026 14:42
27