Ноболиғ бо гумони дуздӣ дастгир гардид
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдвасӣ як нафар ноболиғи 14-сола сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда шаби 4-ум ба 5-уми июли соли 2026, ҳангоми дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 01-80 КК 01, ки ба шаҳрванд Абдуллоев Қ.Н. тааллуқ дорад, 4540-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст
















