Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Восеъ шаҳрванд Зулфалиев Зафар соли таваллудаш 1977 истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд. Номбурда, 6-уми июли соли 2026 тахминан соати 12:00 дақиқа, дар назди роҳи оҳани ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, бо шаҳрванд Мусоев Қ.Ҳ., соли таваллудаш 1970 сокини суроғаи зикршуда муноқиша намуда, бо корди қадшаванда, як маротиба дар қафаси сина ва як маротибаи дигар дар қисмати шиками номбурда зада, ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

















