Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

4-уми июли соли 2026 тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Сервис” рақами қайди давлатиаш 70-00 АС 01 Идрисзода Муҳаммад Дилшод, соли таваллудаш 2007, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаркат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Фархор дар ҳудуди деҳаи Бобосафоли ноҳияи Фархор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Карола” рақами қайди давлатиаш 77-88 АS 03, ки таҳти идораи шаҳрванд Турсунов Ойятулло Раҳматуллоевич соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур қарор дошт, бармехурад. Дар натиҷа ронандагони автомашинаҳо Идрисзода М.Д., Турсунов О.Р. ва 4 нафар мусофирони воситаҳои нақлиёт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.

06.07.2026 9:22
109