Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одамкушӣ

5-уми июли соли 2026 тахминан соати 08:30-дақиқа шаҳрванд Бобоҷонов А.А., соли таваллудаш  1993 истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, бо хоҳараш Бобоҷонова С.А., соли таваллудаш 1996 дар манзили истиқоматиашон баҳсу муноқиша намуда, бо корди хоҷагидорӣ ба тарафи чапи қафаси синаи хоҳараш чор маротиба зарба зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Бобоҷонов А.А., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.07.2026 9:20
73