Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар кирдори шаҳрванд Низомов С.С., соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷинояти қаллобиро ошкор намуданд.
Гумонбар 23 майи соли 2026 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Толибов Ҷ.Х., соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи «Hyundai Palisade»-ро, ки арзишаш 320 ҳазор сомонӣ мебошад, инчунин 6 ҳазору 750 сомонии дигар гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш як манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо дар муҳлати се рӯз ба номи ҷабрдида ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Аммо ӯ ваъдаи худро иҷро накарда, маблағ ва автомашинаро ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
















