Дуздӣ
Шаҳрванд Муродов М.С., соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе, роҳбари ҶДММ “Сайёра 2001” ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза муроҷиат намуд, ки 1-уми июли соли 2026, тахминан соати 04:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров шуда, аз онҷо 6 адад кипи пахтаро, ки ба номбурда тааллуқ дорад, дуздидаанд. Зарари расонидашуда 14 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрвандон Саидов Э.Р., соли таваллудаш 2004 истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷ, Исмоилов О.С., соли таваллудаш 2006 ва Нарзибеков Б.Б. соли таваллудаш 2000 сокинони шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати боздоштгардидагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.














