Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиёти марговар

30-юми июни соли 2026 тахминан соати 05:45-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Электромобил-Велместер» рақами қайди давлатиаш 99-00 UL 02 Раҳимов Шуҳрат Ҳасанович соли таваллудаш 2000 истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҳангоми  ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ, дар километри 112 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба  автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс-Спринтер», ки таҳти идораи Эшманов Ҷамол Манонович соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи «Электромобил-Велместер» Ҳусейнова Аниса Аъзамҷоновна соли таваллудаш 1999 ва Ғуломнабиев Аслиддин Маҳмадович соли таваллудаш 2007 сокинони шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.  
Ронандаи автомашаинаи тамғаи «Электромобил-Велместер» ва як мусофири дигари дар дохили автомашинабуда ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

01.07.2026 13:02
87