Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Худоёров Х., соли таваллудаш 1969 истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъаро бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Номбурда аз моҳи марти соли 2021 то инҷониб бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Бахтиёрова А.Ё., истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ дар чанд марҳила 45 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки раводиди корӣ барои сафар намудан ба ИМА-ро гирифта медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Оид ба холати мазкур тафтишот идома дорад.

30.06.2026 9:29
33