Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилӣ аз рафти сохтмони литсейи “Дурахшандагон”  боздид намуд

27-уми июни соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ба мавзеи бунёди литсейи “Дурахшандагон” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид вазири корҳои дохилӣ бо сохтмончиён суҳбати самимӣ анҷом дода, барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи баландсифат, инчунин бунёди синфхонаҳои барҳаво, толори варзишиву маҷлисӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар самти омода намудани насли наврас ва кадрҳои ояндаи мақомоти корҳои дохилӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Сохтмони литсейи “Дурахшандагон” дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити муосири таҳсил ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ амалӣ гардида, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар як баст ва хобгоҳ барои 260 нафар пешбинӣ шудааст.

27.06.2026 12:00
112