Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоруғ: Вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ

Санаи 24 июни соли 2026 Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон ва ҷалби аҳолӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб ва сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил нақши шӯроҳои ҷамъиятиро дар таҳкими ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд. Иштирокчиён инчунин доир ба фаъолияти шӯроҳо ва роҳҳои такмили он мубодилаи афкор карданд.
Дар анҷом як қатор фаъолони шӯроҳои ҷамъиятӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо изҳор доштанд.

25.06.2026 17:24
77