Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз раванди фаъолияти Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД

25-уми июни соли 2026 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз фаъолият ва шароити хизматбарии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД дидан намуд. 
Дар рафти шиносоӣ Вазири корҳои дохилӣ Мағозаи савдои либосҳои низомӣ барои кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиро  ба фаъолият оғоз бахшид. Либосҳои низомие, ки дар мағозаи мазкур ба фурӯш гузошта мешаванд, дар корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД омода карда шудаанд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро, инчунин аз фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ ва сару либоси омодакардаи кормандони он низ дидан намуда, барои сифтанок омода намудани либосҳои мавсимӣ, ҷашнӣ ва мутобиқ ба талаботи замон пешниҳодҳои судманд намуд.
Инчунин, Вазири корҳои дохилӣ аз корхонаи истеҳсолии мебел ва маҳсулотҳои омодакардаи он шинос шуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудан ва инчунин истеҳсоли ҳама гуна мебелҳои зарурӣ барои кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ тавсияҳо дод. 
Зикр гардид, ки истеҳсоли босифат ва ба талаботи замон ҷавобгӯ харидорони худро пайдо намуда, барои васеъ намудани фаъолияти  корхона мусоидат менамояд.

25.06.2026 16:59
91