Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

24-уми июни соли 2026 тахминан соати 03:30-дақиқа ронандаи  автомашини тамғаи «Опел-Вектра» рақами қайди давлатиаш 67-40 МХ 02 Остонақулов Илҳом Ҷурабекович соли таваллудаш 2003 сокин ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат  кардан дар роҳи мошингарди шаҳраки Зафаробод ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чаппи роҳ баромада, ба садама дучор гаштааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашина Одилов Зафарҷон Муаззамович соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.

25.06.2026 10:22
57