Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар

22-юми июни соли 2026 тахминан соати 18:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Портер» рақами қайди давлатиаш 61-83 ВQ 02 Собиров Ҳамзахоҷа Аббосхоҷаевич соли таваллудаш 1965 истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар километри  49-и роҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд» аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Конибодом, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба муқобили  ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки таҳти идораи ронанда Эшонқулов Сардор Абдувалиевич соли таваллудаш 1997 сокини ноҳияи Зафаробод қарор дошт, бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» Эшонқулов С. ва мусофирони автомашина Ҷураев Салимбой Самибоевич соли таваллудаш 1959 истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом, ноболиғ Маҳмудов Саидҷон Суҳробович соли таваллудаш 2010 истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи автомашиани тамғаи «Хундай-Портер» ва ду нафар мусофирони он ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Инчунин, 22-юми июни соли 2026 тахминан соати 23:05-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес бенс” рақами қайди давлатиаш 01 03 SZ 01 Саидзода Саъдулло Исмоил соли таваллудаш 2007 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино дар роҳи мошингарди кучаи Карамоваи ноҳияи Сино аз самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кучаи Навободи шаҳри Душанбе ҳаракат карда, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста пиёдагард Сироҷева Насиба Камоловна соли таваллудаш 1985 сокини ноҳияи Синоро, ки роҳи мошингарди мазкурро аз чап ба рост мегузашт бо қисми пеши автомашинааш пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи холатҳои зикршуда идома дорад.

24.06.2026 11:58
42