Тасарруфи пинҳонии молу мулки ғайр
Шаҳрванд Сафарзода М.Қ., соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат деҳаи Ганҷбор бо ариза ба ШВКД дар шаҳри мазкур муроҷиат карда, ки аввалҳои моҳи июни соли 2026 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди оғилхонаи манзили истиқоматиаш як сар говро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф кардааст. Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ҷинояти мазкур шаҳрванд Самадов Муҳаммадиқбол соли таваллудаш 2004 истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.



















