Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Аризаи шаҳрванд Довудов Р.Н., соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур ворид гардид, ки 22-юми июни соли 2026 соати 23:30-дақиқа ҳангоми дар назди деҳаи Бурмаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳамроҳии Холдоров А. Б., соли таваллудаш 1994 сокини ҳамон ҷо қарор доштанашон, Исматов Баҳромҷон соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи деҳаи Чинори ноҳияи Рӯдакӣ бе ягон асос онҳоро лату куб намудааст, ки дар натиҷа Холдоров А.Б., ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣт бардошта дар беморхонаи марказии н.Рӯдакӣ бистарӣ гардидааст. Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи Холдоров А.Б., дар намуди осеби омехтаи пӯшидаи вазнини косахона ва майнаи сар бо аломати хавфнок будан барои ҳаёт дониста мешавад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Эргашов Сафаралӣ соли таваллудаш 1989 сокини деҳаи Шахмати ноҳияи Панҷ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи мазкур дастгир карда шуд. Номбурда, 19-уми июни соли 2026 дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванд С.М., ворид шуда, бо ҷабрдида муноқиша намуда,  бо калтаки дар дасташ буда, ба сару бадани шаҳрванд С.М., зада ҷароҳатҳои вазнин ба саломатиаш расонидааст.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта бо дастрасии моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурдагон парвандаи ҷинояти оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

24.06.2026 11:49
45