Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи «Футболи хурд» ва семинари омӯзишӣ баргузор гардид
Аз 18 то 20 июни соли 2026 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ва мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Футболи хурд» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пешгирии ҷавонону наврасон аз оворагардӣ, мубтало шудан ба нашъамандӣ ва истеъмоли моддаҳои психотропӣ, инчунин тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон буд.
Дар семинари омӯзишӣ Муовини якуми раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сардори шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо масъалаҳои пешгирии оворагардӣ, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим, эҳтироми падару модар, омӯзгорон ва калонсолон, инчунин дӯст доштани Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба иштирокчиён наворҳои тарбиявӣ намоиш дода шуданд.
Дар доираи чорабинӣ мусобиқаи «Футболи хурд», ки бо иштироки зиёда аз 12 дастаи наврасону ҷавонони ноҳия баргузор гардид, ҷойи аввал насиби дастаи МТМУ №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюмро дастаи «Ваҳдат» ва ҷойи сеюмро дастаи «Ҷавонон» ба даст оварданд.
Ғолибон бо ҷом, медал, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ташкилкунандагони чорабинӣ баргузории чунин тадбирҳоро дар самти тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуданд.



























