Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Кормандони Шуъбаи минтақавии  мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд муайян намуданд, ки шаҳрванд Раҳимов Рафаэл соли таваллудаш 1986 муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд дар чанд маврид ба ҷинояти қаллобӣ даст задааст. 
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Туйчиев Ш.О., ва Утбосаров Ш.Қ., истиқоматкунандагони ноҳияи Деваштич даромада, худро корманди сафоратхонаи Федератсияи Россия муарифӣ намуда, барои гирифта додани шиносномаи Федератсияи Россия аз номбурдагон 630 ҳазор рубли русӣ гирифтааст.
Инчунин, номбурда ба шаҳрванд Мутавалиён Ш.А., сокини ноҳияи Б.Ғафуров худро корманди Хадамоти бехатарии федералии Федератсияи муаррифӣ намуда, барои аз муасиссаи ислоҳии Федератсияи Россия аз маҳбас озод кардани писараш, аз ӯ 70 ҳазору 784-доллари амрикоӣ талаб карда ба даст овардааст ва ба номбурда зарарӣ махсусан калони моддӣ расонидааст. 
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

22.06.2026 9:41
51