Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии чорво

Шаҳрванд Оева М.М., соли таваллудаш 1990 сокини деҳаи Гулистони ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза дар он хусус муроҷиат кард, ки 11-уми июни 2026 шахсони номаълум  бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагиаш 2-сар говро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи А. Ҷомӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ҳусейнов Мирзоалӣ соли таваллудаш 2004 истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон содир намудааст.
Ба ин монанд, кормандони ШВКД дар ноҳияи Данғара Камолов Аюб соли таваллудаш 2007  ва ду нафар ноболиғро бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Гумонбарон 16-уми июни соли 2026 бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳ ҳудуди ноҳияи Данғара 1-сар говро, ки ба шаҳрванд Элмаҳмадов С.М., сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, тасарруф намуда, ба ҷабрдида 15000-сомонӣ зарар расонидаанд.
Инчунин ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз заминхои чарогоҳи деҳаи Ғиҷовак 1-сар гови шаҳрванд Сангалиев К.Ҳ-ро дуздида ба соҳиби он 8000 сомонӣ зарар овардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур татфишот ба роҳ монда шудааст.

22.06.2026 9:39
33