ЭЪЛОН!
Мувофиқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 20 июни соли 2026 сафари меҳмонони олиқадр тавассути шоҳроҳи автомобилгарди «Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ» ба нақша гирифта шудааст.
Бинобар ин, Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки санаи 20 июни соли 2026 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин шоҳроҳ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бе зарурат ба роҳ набароянд ва ҳангоми сафар ин маҳдудиятро ба инобат гиранд.
Бо эҳтиром,
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

















