Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими дипломсупорӣ дар Академияи ВКД

19-уми июни соли 2026 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.
Чорабинӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Академия, инчунин, шунавандагону курсантон ва волидони онҳо баргузор гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ғамхорӣ нисбати ҷавонон, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ барои курсантҳо ва дар ин замина, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ибрози назар кард.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон диплом супорида шуд.

19.06.2026 16:38
70