Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

18-уми июни соли 2026 тахминан соати 07:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами қайди давлатиаш 55-65 СС 01 Шодибеки Муродалӣ соли таваллудаш 2005 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор ба самти деҳаи Шабода, дар деҳаи Хоҷагидорони шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда Холяров Тоштемур Исмоилович соли таваллудаш 1981 сокини ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Холяров Т.И. ва мусофири дар дохили автомашинабуда Норкабутов Алмурод соли таваллудаш 1939 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.

19.06.2026 10:56
57