Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оператвиӣ-ҷустӯҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ як гурӯҳ ҷавонону наврасон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардиданд. Инҳо Содиқзода Равшан, Ҳабибов Муҳаммад, Умаров Билол соли таваллудашон 2008 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, Тураҳасанзода Абдулло соли таваллудаш 2004 сокини ноҳияи Айнӣ ва як нафар ноболиғ мебошанд, ки 15-уми июни соли 2026 тахминан соати 01:00 дақиқа, шабона бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии Низомова З.А. соли таваллудаш 1984 сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 747 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















