Дар шаҳри Исфара мусобиқаи «Шашка ва шоҳмот» ва семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ баргузор гардид
Аз 15 то 17 июни соли 2026 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз намуди «Шашка ва шоҳмот» ва семинари омӯзишӣ дар мавзӯи пешгирии ҷавонону наврасон аз оворагардӣ, мубтало шудан ба нашъамандӣ ва истеъмоли моддаҳои психотропӣ, инчунин тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим баргузор гардид.
Дар кори семинари омӯзишӣ Муовини якуми раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», полковники милитсия Шохиён А.Н., сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Толибзода Маҳмудҷон, намояндаи САҲА дар шаҳри Душанбе Алимов Баҳром ва ваколатдори калони оперативии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, капитани милитсия Исмоилзода Сорбон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо масъалаҳои пешгирии оворагардӣ дар байни ҷавонону наврасон, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин аҳамияти рушди варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мусобиқа зиёда аз 10 даста ва 80 нафар варзишгар иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ қувваозмоӣ карданд. Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа ҷойи аввал насиби дастаи Мактаби байналмилалии «Контакт»-и шаҳри Исфара гардид. Ҷойи дуюмро дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара соҳиб шуда, ҷойи сеюмро дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Исфара ишғол намуд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорон медал, ҷом, ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, бозингарони беҳтарини мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзишу тарзи ҳаёти солим баргузор шуда, дар таҳкими ҷаҳонбинии солими наврасону ҷавонон саҳми муассир гузошт.






















