Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо ваколатдори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

18-уми июни соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо хонум Карсон Релис Рокер - ваколатдори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳоро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор мавриди баррасӣ қарор доданд. Оид ба мубодилаи иттилоот ва таҳкими тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо киберҷиноятҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. 
Инчунин, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба такмили минбаъдаи ҳамкорӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нигаронида шудаанд, изҳори боварӣ намуданд.

18.06.2026 18:07
95