Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкорӣ дар раванди ислоҳоти милитсия

17 июни соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи ислоҳоти милитсия  вохӯрӣ бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб ва мушовири Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мардонов Зокирҷон Равшанович баргузор гардид.
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти ислоҳоти милитсия, рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти ВКД раванди ислоҳоти милитсия ва инноватсиякунонии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, шаффофияти фаъолият ва истифодаи технологияҳои рақамӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дар рафти мулоқот инчунин масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳо дар самти ислоҳоти милитсия ва истифодаи технологияҳои муосир таъкид гардид.

18.06.2026 9:28
76