Дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи шаҳрванд Супиев М.Х., соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ворид гардид, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хазинаи ошхонаи “Чордег”, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, маҳаҳхали 1-уми Май 9410-сомониро дуздидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар шаҳрванд Меликшоев М.И., соли таваллудаш 2008 сокини ноҳияи Варзоб дастгир карда шуд.
Инчунин, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон 4 нафар ноболиғ-хонандагони муассисаи таълимии ноҳияи мазкурро бо гумонбарӣ дар ҷиноятӣ дуздӣ боздошт намуданд.
Дастгиршудагон ба хонаи истиқоматии Ғуломова Ҳ.М., сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 250 ҳазор рубли руссиро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудаанд. Зарари расонидашуда 31 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта тафтишот идома дорад.















