Боздид аз таъмиру азнавсозии ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ
16-уми июни соли 2026 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз таъмиру азнавсозии ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард.
Бинои асосӣ ва биноҳои иловагии ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар дораи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, шароити мусоиди хизматбарӣ барои кормандон муҳайё карда шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ аз шароити хизматӣ ва моддию маишии ҳайати шахсии шуъбаи мазкур аз наздик шиносоӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зимни суҳбат бо кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсиро ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва соҳавӣ, баланд бардоштани дониш ва малакаи касбӣ, забономӯзӣ ҳидоят намуда, инчунин ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ аз онҳо масъулиятшиносӣ, омодагӣ баҳри ҳимоя аз манфиатҳои давлату ҷомеа ва дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаи хизматиро талаб намуд.




















