Дуздӣ
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мусоев Ҳ., соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи К.Мастчоҳ, ки қаблан соли 2023 барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, боз бо ҳамин ҷурм дастгир карда шуд. Номбурда бо роҳи пинҳонӣ дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров як сар говро, ки ба Тоҷибоева Ш.Ю,, соли таваллудаш 1966 тааллуқ дорад ва арзишаш 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Нисбати Мусоев Ҳ., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

















